![](https://parsianjoman.org/cyr/wp-content/uploads/2017/03/163-1395-8-4-490x285-360x270.jpg)
Пойиши шабакаи ‘Тулӯъ Нюз’
Эрон ва Афғонистон кишварҳое ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамтабор ҳастанд, ки пешинаҳои фарҳангию торихӣ ва ҳанбозин (муштарак)-и бисёр бо ҳам доранд. Ин ҳанбозиҳо мояи он шудааст, ки ҳудаҳои меҳанӣ (манофеъи миллӣ)-и ду кишвар дар бисёре котаҳо (маворид) ба якдигар танида шуда бошад. Чунонки беҳбуд дар кори яке беҳбуд дар кори дигареро низ дар пай хоҳад дошт. Ҳамсӯӣ ва наздикии ҳарчи бештари ин ду кишвар ва мардумони ҳамтабори он орзуи деринаи некандешон ва кунишгарони меҳандӯсти ҳарду кишвар аст ва забони порсӣ ба фарноми (унвони) бармонде (меросе) куҳан ва ҳанбозин метавонад нақши пуррангеро дар ин ҳамсӯӣ бозӣ кунад.