
“Фарҳанги форсии Амид”
Ҳасани Амид, фарҳангнавис, нависанда ва рӯзноманигори номдори эронӣ аст. Ў нависандаи “Фарҳанги Амид” аст, ки аз пуркорбурдтарин фарҳангҳои имрӯзи порсӣ ба шумор меояд. Ҳасани Амид дар соли 1289-и хуршедӣ дар шаҳри Машҳад чашм ба ҷаҳон гушуд. Ӯ дар ҳамон шаҳр омӯзишҳои пояиро дид ва дар ҷавонӣ ҳамванди Анҷумани адабӣ шуд ва кори рӯзноманигорӣ, нависандагиву фарҳангнависиро аз ҳамон солҳо оғоз кард.