Ҷамол Халили Шарвонӣ (1375); Нузҳат-ул-маҷолис; Ба вироиш ва пижӯҳиши дуктур Муҳаммадамин Риёҳии Хӯӣ; Илмӣ.

Боргирӣ ва ошноӣ бо «Нузҳат-ул-маҷолис»-и Шарвонӣ

Порсӣ Анҷуман: “Нузҳат-ул-маҷолис” дарбардорандаи беш аз чаҳор ҳазор чорина(рубоӣ) аз сесад чомасарои(шоир)-и эронӣ ба забони порсист, ки дар миёни садаҳои панҷум то ҳафтуми исломӣ суруда шудаанд.
Ин чоринаҳо гувоҳии устуворанд бар ин, ки забони туркӣ дар ин бум пешинае чандоне надорад.

Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ (ду пӯшина) Роёнавис ва рӯяоро: Имон Худофард Чоп: севум, 1402 Андоза: Вазирӣ Шумори рӯяҳо: пӯшинаи нахуст (Фарҳанг) 746 рӯя, пӯшинаи дувум (Пайвастҳо) 200 рӯя

Порсӣ Анҷуман «Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ»-ро бозчоп кард

Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги сохтории вожагони порсӣ»-ро, ки фарҳанги алифбои решаҳо ва вандҳои забони порсист, дастур Зиёуддини Ҳоҷарӣ дар ду пӯшина фароҳам ва Порсӣ Анҷуман инак барои севумин бор онро бозчоп кардааст.

Мазоҳирӣ, Алӣ (1373-1372); Ҷодаи абрешам; Гардониши Маликносири Навбон; ду пӯшина; Муассисаи мутолеъот ва таҳқиқоти фарҳангӣ.

Боргирии «Ҷодаи абрешам»-и Мазоҳирӣ

Порсӣ Анҷуман: «Ҷодаи абрешам»-ро зиндаёд Алии Мазоҳирӣ дар 1983 ба забони фаронса чоп кард, ки чанде пас аз он Маликносири Навбон онро ба порсӣ баргардонд, ки дар Эрон чоп шуд. Мазоҳирӣ дар пижӯҳишҳои торихиаш, нигоҳе борикбинона ба забон дошт ва вожаҳои куҳани порсиро бармекашид ва ба ҷустуҷӯи корвожаҳое(афъоле) дар нивиштаҳои куҳани порсӣ мепардохт, ки дар порсии имрӯзӣ корбурде надоранд.

Ҳофиз ва забони порсӣ

Дуктур Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ: Хонандаи девони Ҳофиз – ва ҳар шоире – озод аст, ки дарёфти худро дошта бошад, бе он ки ба дарёфти дигарон бебовар ва беэътино бошад. Ончи ман менивисам ин ҳуснро дорад, ки хонандаро ба андеша ва андешидан вомедорад. Чи ин ҷустор аз замони худи Ҳофиз то кунун дар парда мондааст.

Нигоҳе ба «Курдҳо ва хостгоҳи онҳо», нивиштаи Горник Осотуриён

Аббоси Салимии Онгил: То ҷое ки нигоранда мутолеъоти курдшиносиро пай гирифтааст, ин пижӯҳиш яке аз дақиқтарин ва равишмандтарин пижӯҳишҳост, ки дар бораи хостгоҳи курдҳо ва фароянди шаклгирии қавми курд анҷом гирифтааст.

Яъқуби Ясно: Бояд иттиҳодияи кишварҳои порсизабонро барпо дошт

Яъқуби Ясно: Диди мо ба Эрони имрӯз, охирин сангари забонӣ ва фарҳангии мост ва мехоҳем сокинони ин сангар ин хатарро дарк кунанд. Забони форсӣ ва фарҳанги Эрон дар канори Эрони имрӯз ва ба таъбири мо бехи гӯши Эрон, яъне Афғонистон, дучор чунин сарнивиште шудааст, аммо дар Эрон касе эҳсоси нигаронӣ намекунад. Афғонистон охирин ҷуғрофиёи берун аз Эрони имрӯз аст, ки забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ аз онҷо зудуда ва ҳазф мешавад. Ман мутмаъин астам пас аз ҳазфи забони форсӣ ва фарҳанги эронӣ дар Афғонистон, баҳси ҳазфи забони форсӣ ба дохили Эрони имрӯз кашонда мешавад.

Дигарсонии забон, гӯиш, лаҳҷа

Куруши Ҷаннатӣ: Он чи ба думбола меояд, нивиштори кӯтоҳ аст барои бозшиносии забон, гӯиш ва лаҳҷа. Ин нивиштор бар пояи суханронии дуктур Муҳаммади Дабирмуқаддам фароҳам шудааст.

Гӯронӣ ё ҳавромӣ ва курдӣ

Порсӣ Анҷуман: гӯронӣ/ ҳуромӣ гунае курдӣ нест, ки забоне ҷудосон, аз они шохаи дӯшастарӣ-абохтарӣ(ғарбӣ-шимолӣ)-и забонҳои эронист, ки худ чандин гӯиш дорад. Ончи мояи он шуда, ки гӯронӣ/ ҳуромӣ забоне курдӣ дар шумор ояд, эвоз (сирфан) зисти забонварони он дар миёни курдзбонон ва наздикиҳои забонии миёни онҳо, ба вижа вожагонӣ ва сохтвожӣ аз баҳри дароиш (таъсир)-и гӯронӣ/ ҳуромӣ бар забонҳои курдист. Ҳамчунин, гӯронӣ/ ҳуромӣ ва курдӣ дорои дигарсониҳои бунёдин дар зинаҳои гуногуни забонианд то он ҷой, ки миёни гӯишварони онҳо дарёфти суханони якдигар нашуданист.

«Якпорчагии сарзаминӣ» ҳамон «тамомияти арзӣ»-ст

Куруши Ҷаннатӣ: «Якпорчагии сарзаминӣ» баробари порсии тамомияти арзист. Агар имрӯз бар сари забонҳо афтода ҳосили чанд даҳа кӯшиши порсигароён аст. Ҳамчунин ба нигар мерасад, ки якпорчагии сарзаминӣ вожаи дархуртаре аз тамомияти арзист; зеро ҳам порсист ва ҳам дақиқ. Вожаи «сарзамин» обҳо ва кӯҳҳо ва хокро якҷо дарбар мегирад, дар ҳоле ки вожаи «арз» эвоз(сирфан) расонандаи маънои замин аст ва кӯҳу дарё ва …ро бояд маҷозӣ бар он бор кард.

Исфандиёри Одина: Чиро раҷазхонӣ дар ҷанг муҳим аст?

Исфандиёри Одина: Шояд бисёре аз Шумо мусобиқоти куштии каҷи амрикоиро тамошо карда, мумкин аст, аз шеваҳои зӯрозмоии паҳлавонони ғӯлпайкар дар он лаззат бурда бошед. Ман ҳам ба ин мусобиқот, ки таркибе аз саргармию варзиш аст, алоқа дорам. Бавижа ҳангоме, ки баъзе аз мавориди пирӯзии адолат бар зулмро дар он мебинам, аз фароянди расидан ба ин пирӯзӣ ҳаяҷонзада мешавам. Аз вижагиҳои умдаи ин мусобиқот он аст, ки паҳлавоне рӯи саҳна меравад ва бо гуфтани суханоне таҳрикомез ҳамтоёнашро ба набард мехонад. Ба ин навъ лаффозӣ ва каломи таҳрикомез дар забон ва адаби мо “раҷазхонӣ” мегӯянд.

1 4 5 6 7 8 44