
«Вожагони Авесто» чоп шуд
Порсӣ Анҷуман: Вироиши тоза аз фарҳанги авестоӣ ба порсиг аз Раҳоми Аша ба забони инглисӣ чопахш шуд.
Порсӣ Анҷуман: Вироиши тоза аз фарҳанги авестоӣ ба порсиг аз Раҳоми Аша ба забони инглисӣ чопахш шуд.
Куруши Ҷаннатӣ: Сарони Толибон дар дидор бо сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз мутарҷим баҳра бурданд. Ин шояд барои бисёре хабаре кӯтоҳ ва камаҳаммият бошад; вале дӯстдорони забони порсӣ медонанд, ки ин куниши намодин то чи андоза дирангиданӣ ва нигаронкунанда аст. Толибон аз оғози рӯйи кор омаданаш нишон дод, ки бе ҳеч пардапӯшӣ сиёсати қавмиро пеш мебарад ва порсизудоӣ яке аз барҷастатарин намудҳои ин сиёсат аст.
Порсӣ Анҷуман: «Аз аҷам то порсӣ» (колбудшиносии санҷишии забони аҷам ва порсӣ) дастоварди пижӯҳишии нивисанда ва пижӯҳишгари забонпизишк Ҷомии Шикебии Гелонист ва дарбардорандаи ду дафтар аст, ки бо ҳам ба рехти нибеги кунунӣ дароварда шудаанд
Порсӣ Анҷуман: «Фарҳанги паҳлавӣ» гирдоварӣ ва нивиштаи Баҳроми Фраҳвашӣ аст, ки устоди зиндаёд Иброҳими Пурдовуд бар он пешгуфтор нивиштаанд.
Ҳарчанд наздик ба шаст сол аз чопи ин фарҳанг мегузарад ва то андозае ранги куҳнаги ба худ гирифтааст, бо ҳамаи ин ҳанӯз судмандиҳои худро дорад.
Ҷалол Холиқии Мутлақ: Ҳамаи мо ҳангоме, ки аз аҳаммияти “Шоҳнома” сухан ба миён меояд, дар ин назар иттифоқ дорем, ки “Шоҳнома” яке аз мафохири миллии мост, вале банда мутмаин ҳастам, ки агар аз сад нафар нобаргузида бипурсед, ки: «Чаро “Шоҳнома” яке аз мафохири миллии мост?», беш аз навад нафари онҳо аҳаммияти миллии “Шоҳнома”-ро дар таблиғи меҳанпарастӣ ва шарҳи пирӯзиҳои эрониён бар душманони онҳо медонанд, ки тоза дар ҳамин ҷо ҳам ағлаб фаромӯш мегардад, ки “Шоҳнома” саргузашти шикастҳои эрониён ҳам ҳаст ва истилоҳе, ки бар таъна мегӯянд «“Шоҳнома” охираш хуш аст», аз ҳамин ҷо бархостааст. Ба сухани дигар, вақте мо аз аҳаммияти миллии “Шоҳнома” сухан мегӯем, ғолибан танҳо ба аҳаммияте, ки ин китоб барои миллияти мо дорад назар дорем, вале аҳаммияти миллии “Шоҳнома” хеле беш аз ин аст.
Порсӣ Анҷуман: «Ҷусторномаг», ки гирдоварде аз ҷусторҳои Маздои Тоҷбахш ва Бузургмеҳри Луқмон аст, чоп шуд.
Порсӣ Анҷуман: Бозхонии сурудаҳое чанд аз Хайём, бо кӯшиш дар бозсозии гӯиши замони Хайём, фарогӯии порсӣ ба шеваи ҳазор соли пешро бо хониши Алекс Фурман, забоншиноси русӣ-омрикоӣ, дар инҷой бибинед ва бишнавед.
Порсӣ Анҷуман: «Гузидае аз Динкарди чаҳорум» (баргирифта аз «Ойиннома»-и Соcонӣ, нивишташуда ба рӯзгори шоҳаншоҳ Хусрави Анушервон) бо гардониш ва гузориши Бузургмеҳри Луқмон чопахш шуд.
Порсӣ Анҷуман: Фарҳангистон 131 нибеги(китоби) омӯзишии забон ва адаби порсӣ, аз соли 1300 то 1400-ро бо номи «Ганҷинаи китобҳои дарсии забон ва адабиёти форсӣ» гирдоварӣ ва дар торнамояш боргузорӣ кардааст.
Ин гирдовард(маҷмӯъа) натанҳо дастрасии осон ба ин бунхонҳо(манобеъ)-ро фароҳам оварда, ки кори пижӯҳишгаронро низ содатар кардааст.
Порсӣ Анҷуман: Бозхонии сурудаҳое чанд аз Рӯдакӣ бо кӯшиш дар бозсозии гӯиши замони Рӯдакӣ, фарогӯии порсии ба шеваи 11 садаи пешро бо хониши Алекс Фурман, забоншиноси рӯсӣ-омрикоӣ, дар ин ҷой бибинед ва бишнавед