Боргирии ройгони “Тавсифи сохтмони дастури забони форсӣ”-и Муҳаммадризо Ботинӣ

Муҳаммадризо Ботинӣ аз пешгомони пардохти дастури сохтмонии забони форсӣ бо шеваҳои навини забоншиносӣ аст ва ин китоб дастоварди кӯшишҳои ӯ дар наздик ба нимсадаи пеш аст. “Тавсифи сохтмони дастури забони форсӣ” бар пояи мӯшикофӣ ва воковии наздик ба 11 ҳазор ҷумлаи порсии имрӯзӣ аст, ки аз китобҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва нивиштаҳои гуногун бардошта ва кӯшида шудааст, то пайвандҳои сохтмонии забони форсӣ рӯшан шавад.

Сарагароии донишик ва сарагароии адабик

Надонистани дигарсонӣ (тафовут) миёни сарагароии донишик ва сарагарои адабик аз бузургтарин гирифториҳо ва чолишҳои дӯстдорони забони порсӣ ва бовармандон ба полоишу поксозии забонӣ аст. Барои бозшинохтани ин ду рӯйкард ба сарагароӣ нахуст боёст (воҷиб аст), ки ҳидорише (таърифе) аз ин ду рӯйкард ба даст диҳем.

Бузургтарин ҳофизшинос кист?

Бузургмеҳр (Масъуд)-и Луқмон, барои бистуми меҳрмоҳ, рӯзи бузургдошти Ҳофиз, гуфтугӯҳое бо Дориюши Ошурӣ, Муҳаммадъалии Исломии Надушан, Ҷалоли Холиқии Мутлақ, Муҳаммади Дабирсиёқӣ, Алии Деҳбошӣ, Манучеҳри Сутуда, Дориюши Шойгон, Амирҳусейни Моҳузӣ, Алиқулии Маҳмудии Бахтиёрӣ ва Шервини Вакилӣ дар бораи беҳтарин китобе, ки то кунун дар заминаи ҳофизшиносӣ мунташир шуда ва бартарин ҳофизпижӯҳ, анҷом шудааст, ки мехонеду мешунавед.

Боргирии ройгони “Фарҳанги решаҳои ҳиндуурупоии забони форсӣ”

“Фарҳанги решаҳои ҳиндуурупоии забони форсӣ”, ки аз пижӯҳишҳои пешин, бавижа аз корҳои Муҳаммади Муъин ва Ҷулиюс Пукурнӣ, баҳра бурда, кӯшидааст, то ҷойгоҳи ростини забони порсиро дар дарахти хонаводагии забонҳои ҳиндуурупоӣ рӯшантар кунад.

‘Сир’: Чам ва корбурди он

Дар гӯишҳои рустоӣ вожаҳои бисёре ҳастанд, ки метавон онҳоро ҷойгузини вожаҳои бегона кард. Яке аз ин вожаҳо вожаи “сир” (سِر) аст, ки дар гӯишҳои марказии Эрон равоӣ дорад. Ногуфта намонад вожае, ки сухан аз он аст, бо вожаи “сир”, ки дар фарҳангҳо ба чами “роз ва пӯшида” омада, пайванде надорад ва дар ҷустуҷӯе, ки дар чанд фарҳанг доштам, чизе дар бораи он наёфтам.

Боргирии “Худомӯзи курдии суронӣ”-и Чангизи Паҳлавон

“Худомӯзи курдии суронӣ” нивиштаи дуктур Чангизи Паҳлавон, бунёдгузори нигараи “ҳавзаи тамаддуни эронӣ”, аст, ки дар пойизи 1392 чоп шуда ва дар “Маҷмӯъаи забонҳои ҳавзаи тамаддуни эронӣ” ҷо гирифтааст. Ин дафтар пас аз “Худомӯзи курдии курмонҷӣ”, ки дар баҳори 1392 дар дастраси дӯстдорони забонҳои эронӣ ниҳода шуд, дувумин дафтар аз ин маҷмӯъа ба шумор меояд.

Сарнивишти наввожаҳо

Бешу кам аз замони Фарҳангистони якум созмонҳо, гурӯҳҳо ва хешгонҳое (афроде) дар ростои нерӯ бахшидан ба забони порсӣ ба фарноми (унвони) яке аз сутунпояҳои ҳувияти эронӣ ба кори вожасозӣ, полоиш ва посдорӣ аз забони порсӣ мепардозанд. Бороварди чунин кӯшишҳое феҳристи буландболои вожагонест, ки бисёре аз онҳо инак бафаровонӣ дар гуфтор ва нивишторҳои рӯзонаи мардум ба кор мераванд.

Пойиши метруи Теҳрон

Метруи Теҳрон густарае ҳамагонӣ аст, ки ҳамчун расонаи пурбинанда огаҳиномаҳои бисёреро дар баробари чашми ҳазорон раҳсипор (мусофир) мегузорад. Коргурӯҳи пойиши Порсӣ Анҷуман бо пурнигарӣ (таваҷҷуҳ) ба ҳамин нақши ҳаноянда (муассир) ба пойиши нивиштаҳои даруни метруи Теҳрон ва ҳамчунин торнамои он пардохтааст.

Муҳаммадҷони Шакурӣ аз забони Фаридуни Ҷунайдӣ

Устод Фаридуни Ҷунайдӣ: Ҳамаи мо меравем ва ин корвони дарозоҳанг аз оғози ҷаҳон будааст ва ҳамвора ҳам идома хоҳад дошт. Хурраму хуш касе, ки дар ин корвон ба анҷоми корҳои судманд пардохта ва судаш ба ҷомеъа расида бошад, ки яке аз ин касон Муҳамадҷони Шакурӣ буд ва умедворам фарзандони ҷудоуфтода аз якдигар дар Эрон, Афғонистону Тоҷикистон бо улгӯ гирифтан аз ин марди бузург дар роҳи фарҳанги ояндаи муштаракамон бикӯшанд.

1 22 23 24 25 26 33