Эроншиноси тоҷик: Бояд хатти форсиро зинда кунем (бахши поёнӣ)

Сафари Абдуллоҳ: Эрон ҳам бояд эҳсос кунад, ки эрониёни дуруфтода аз он марзу бум пушту паноҳе доранд. Ва ба масоили миллӣ, ба масоили забони форсӣ бояд бештар бияндешанд, чун агар забони форсӣ набошад, на Эрон аст, на мо ҳастем ва на каси дигаре.

Донишманди тоҷик: Эронӣ ҳастем ва забонамон порсӣ аст (бахши дувум)

Дуктур Сафари Абдуллоҳ: Эрон дар тӯли торих сарзамини воҳиде буд ва масалан Камоли Хуҷандӣ метавонист бароҳатӣ дар Хуҷанд зода шаваду дар Табрез бимирад. Ва ё Оли Хуҷанд дар Исфаҳон ба сар барад ва ё нишопуриҳо дар Самарқанд ҳукумат кунанд ва ғайра. Ин як замон кишвари воҳиде буда ва моро пора-пора карданд ва мо бояд талош кунем, ки забонамон ва фарҳангамон яксон бимонад.

Абдуллоҳ: Забоне ба номи “тоҷикӣ” вуҷуд надорад (бахши нахуст)

Ҳамаи эрониёнро дар ибтидо тоҷик мегуфтанд, чун калимаи “точӣ” ва ё “таочӣ” дар забони чинӣ ба маънои эронӣ аст. Туркҳо ҳам аз онҳо гирифтанд. Чун мо дар канори туркон ва дар иҳотаи туркон зиндагӣ мекунем ва Тоҷикистон ҷазирае эронист, ки дар миёни туркон аст, ин номро ба мо итлоқ карданд ва ё ба мо нисбат дода шуд. Аз ин лиҳоз, номи тоҷик ба инҳо ба сурати утумотик вогузор шуд, бавижа баъд аз кишваркушоиҳои Инглис ва Русия, ки аз қарни 16-и милодӣ баробар шурӯъ карданд. Ин ду абарқудрат ду имперотурии бузург сохтанд ва моро пора-пора карданд ва масхарагӣ ба ҷое расид, ки масалан хоҳар дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бародар дар Тоҷикистон, номи забони бародарро “тоҷикӣ”, номи забони хоҳарро “дарӣ” гуфтанд.

Ду гунаи бархӯрд бо забон (5)

Бар рӯи ҳам бархӯрдҳои гуногун бо забон ва масъалаи вожасозиро метавон зери ду унвон ҷамъ кард: яке бархӯрди хирадварзона (росиюнал), ки бар он аст, ки забонро метавон бар ҳасби қолабҳое, ки қоъидаҳои сарфӣ ва пешин ба даст медиҳад, густариш дод ва вожаҳову таркибҳои тоза сохт. Ва ҳатто гурӯҳе бар онанд, ки бо ҳамин равиш метавон моддаи аслии луғатро аз забони дигар вом гирифт ва барои корбурдҳои илмӣ мутобиқи қоъидаҳои дастурии форсӣ сарф кард ва ба кор бурд (монанди “юнидан” ва “юниш”, ки аз моддаи “юн” дар шимӣ сохта мешавад).

Дар бораи вожаи порсии “олиш”

Дар порсӣ вожае ҳаст, ки дар бисёре гӯишҳо ба кор меравад, вале дар забони расмӣ дида намешавад. Ин вожа “олиш” (āleš) аст ба чамор (маъно)-и “изва, бадал”. Ба ин намунаҳо отониш (таваҷҷуҳ) кунед:

Олиш (āleš) = иваз (оштиёнӣ)
Олиш кардан = иваз кардан (оштиёнӣ)
Алиш (aleš) = иваз ба ҷойи дигар (тотӣ, толишӣ)
Олиш = додуситад, мубодила, таъвиз (табарӣ)
Олшо кардан, олишҳо кардан = иваз кардан (табарӣ)
Олиш = ҷуфти раҳм пас аз зоимон (табарӣ)
Олу (ālu) = ҷуфти зоимон

Мазоҳири Мусаффо: Хонларӣ устоди бебадили рӯзгори мо буд

Яке аз хадамоти муҳимми Хонларӣ ба фарҳанги Эрон роҳандозии Бунёди фарҳанги Эрон дар соли 1344 буд, ки бо ҳамкории пижӯҳишгарони барҷастаи он замон оғоз ба кор кард. Ин бунёд беш аз 300 унвон аз мутуни муҳимми илмӣ, адабӣ, торихӣ ва… Эронро ба чоп расонд. Хонларӣ ҳамчунин дар кисвати вазирии фарҳанг, риёсати Фарҳангистони адабу ҳунар, риёсати Пижӯҳишкадаи фарҳанги Эрон, мудирикуллии Созмони пайкор бо бесаводӣ ва соири пешаҳои давлатӣ ба фарҳанги Эрон хадамоти шоёни таваҷҷуҳе кард.

Пойиши шабакаи ‘Тулӯъ Нюз’

Эрон ва Афғонистон кишварҳое ҳамсоя, ҳамзабон ва ҳамтабор ҳастанд, ки пешинаҳои фарҳангию торихӣ ва ҳанбозин (муштарак)-и бисёр бо ҳам доранд. Ин ҳанбозиҳо мояи он шудааст, ки ҳудаҳои меҳанӣ (манофеъи миллӣ)-и ду кишвар дар бисёре котаҳо (маворид) ба якдигар танида шуда бошад. Чунонки беҳбуд дар кори яке беҳбуд дар кори дигареро низ дар пай хоҳад дошт. Ҳамсӯӣ ва наздикии ҳарчи бештари ин ду кишвар ва мардумони ҳамтабори он орзуи деринаи некандешон ва кунишгарони меҳандӯсти ҳарду кишвар аст ва забони порсӣ ба фарноми (унвони) бармонде (меросе) куҳан ва ҳанбозин метавонад нақши пуррангеро дар ин ҳамсӯӣ бозӣ кунад.

Порсиро пос медорем

Сорбоно, бори маҳмил банд сӯи қалъаи торих
Сӯи коҷистони сабзи чомаҳои порсӣ
Боз бигшо “номаҳои порсӣ”
Мо ҳамон човушхонони Хуросонем
Меҳтариро гар ба коми шер бошад
Боз бистонем
“Ё бузургӣ баъд аз ин ё марги рӯёрӯй”
Ин суруди куҳнаро бо корвон пайваста мехонем
Ошиқи он систонизодаи айёри саффорем
Порсиро пос медорем

Масъалаи вожасозӣ (4)

Чи ниёзе вожасозиро зарурӣ мекунад? Ниёз ба номидани чизе тоза ё баёни мафҳуме тоза. Ҳангоме, ки чизҳои тозае, чи аз мақулаи зот, чи аз мақулаи маъно, дар миён меояд, ногузир номе металабад, ки пеш аз ин дар забон набудааст. Ҳол ин масъала матраҳ аст, ки ин чизҳои тозаро чи гуна метавон номид? Оё бояд айни он номҳо ва феълҳо ва ҷуз онҳоро аз забони бегона вом гирифту ба кор бурд ё дар забони бумӣ ҷонишине барои онҳо ёфт ё сохт?

Боргирии ‘Доиратулмаъорифи форсӣ’-и Мусоҳиб

Дар соли 1335-и хуршедӣ Муассисаи Фронклин ба раҳбарии зиндаёд Ҳумоюни Санъатизода бар он шуд, то баргардоне порсӣ аз “Доиратулмаъорифи якдафтарии Куламбиё Войкинг” (чопи Ню-Юрк)-ро чоп кунад. Сарпарастии ин кор ба Ғуломҳусейни Мусоҳиб супурда шуд, аммо Мусоҳиб пас аз баррасии Доиратулмаъорифи омрикоӣ баргардони ҳамаи онро посухгӯи ниёзҳои эрониён ва порсизабонон надонист ва тарҳе нав дарандохт, ки бар пояи он, беш аз 10 ҳазор ҷустор (=мақола)-и тоза дар бораи ҷанбаҳои гуногуни торих ва фарҳанги Эрон ва ислом нивишта шуд ва дар шиносномаи дафтари нахуст онро кори муштараки Теҳрон ва Ню-Юрк донист.

1 23 24 25 26 27 33