
Забони арабӣ ва нақши эрониён
Ҳамон гуна ки дар китобҳои торихи ислом ҳам омадааст, пеш аз ислом ва дар замони ислом теъдоди касоне, ки дар Ҳиҷоз саводи хондану навиштан доштанд, ба теъдоди ангуштони даст баробар будааст. Бино бар ин, табиъист, ки ҳеч гуна асари навишторӣ аз онон вуҷуд надошта бошад. Гуфта мешавад, ки пеш аз ислом ҳафт қасида (чакома)-и баланду бузурги арабонро дар хонаи Каъба овехта буданд ва бад-он “Ҳафтгонаи овехта” (дар арабӣ: сабъаи муъаллақа) мегуфтанд. Хатти арабӣ низ бар пояи хатти эрониён будааст ва ба гуфтаи Ибни Аббос писари Абдулмуталлиб, хатти арабӣ аз шаҳри эронии Анбор ба миёни арабони Ҳиҷоз роҳ ёфт. Хатти куфӣ низ дар миёни эрониён ва ба дасти онон падид омаду болид.