‘Дасотир’, забони пок ва Ғолиби Деҳлавӣ

Бо пайдоиши “Дасотир” нивисандагоне бисёр аз садаҳои ёздаҳуми маҳӣ бад-ин сӯ дар Ҳинд ва Эрон ва дигар сарзаминҳои порсизабон аз сабки сараи он пайравӣ карданд. Яке аз ишон Ғолиби Деҳлавӣ, чомасаро ва нивисандаи бузурги порсигӯи Ҳинд аст. Дар ин ҷустор нивисанда (Қаҳрамони Сулаймонӣ) мекӯшад фарозу нишеби дасотиринивисони Ҳиндро бо рӯйкард ба чомаҳои Ғолиб баррасад.

Кудоме саҳеҳтар: дарсад, фисад ё фоиз?

Истилоҳи «дарсад», ки дар забони форсӣ ба кор меравад, бар пояи осори забони порсии дарӣ устувор гардидааст. Далел ва шоҳиди ҷолиб дар мавриди «дарсад»-ро метавон аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пайдо кард. Истилоҳи вижаи «дарсад» дар «Шоҳнома» ба гунаи «сад андар сад» ба маънои «батамомӣ, комилан» ба кор рафтааст.

Нигоҳе ба андешаҳои сарагароёнаи Аҳмади Касравӣ

Касравӣ яке дигар аз паёмадҳои бади омехтагии забони ъарабӣ бо забони форсиро аз байн рафтани таронамоӣ (шаффофият)-и забонӣ медонад. Ба нигари ӯ, набуди таронамоии забонӣ мӯҷиб мешавад, ки эрониён бисёре аз вожаҳоро нафаҳмида ва дарнаёфта фарогиранд ва ба ёд биспоранд.

Нигоҳе ба нақши Фирдавсӣ дар боландагии забони порсӣ

Ду қарн пас аз Фирдавсӣ Зиёуддин ибн-ал-Асир мегӯяд: ‘Эрониён дар шеър бар ъарабҳо пешӣ гирифтаанд. Шоъири эронӣ бо шӯру балоғати бисёр ин ҳама достон ва саргузаштро ба шеър даровардааст. Шоҳномаи Фирдавсӣ Қуръони форсӣ ва балеғтарин асар дар забони форсӣ аст. Монанди Шоҳнома дар ъарабӣ падид наёмадааст.’

Гузор ба дабираи порсӣ: Чиро мисли қазоқҳо ғайратманд набошем?

Вақте мебинам, ки бисёре аз ҳамтаборони мо, ки худашон тоҷиканд, вале бо осори гузаштагонамон аз тариқи забонҳои дигар ва бахусус русӣ ошно мешаванд, бовар кунед, нангам меояд. Дигаронро намедонам, вале барои ман нанг ва ъор аст, ки бобои маро бароям дигарон ба забонҳои дигар муъаррифӣ кунанд!

Бозандешии забони форсӣ 2

Забон мантиқ ва меконике дорад, аммо сохти он меконикӣ нест, ургоник аст ва ҳамонанд кардани он ба мавҷуди зинда дурусттар аст, то ба мошин ва касоне, ки мехоҳанд бо мантиқи истиснонопазири худ ба забон ҳамла баранд ва онро аз нав бисозанд, аз рози зиндагӣ бехабаранд.

Посухе ба номаи гурӯҳе аз дабирони зистшиносӣ

Ҳар вожаи ошное рӯзгоре ноошно будааст. Барои намуна, барои Сайидҳасани Тақизода вожаи «вожа» бисёр шигифтовар ва нодуруст менамуда ва ё адиби бузурге чун Муҳаммадъалии Фурӯғӣ ба ҷойгузинии вожаҳои «пешванд» ва «пасванд» ба ҷойи «мазиди муқаддам» ва «мазиди муаххар» интиқод мекунад. Ъаллома Ъаббоси Иқбол мегӯяд имкон надорад, ки «донишкада» ва «донишгоҳ» ҷойи «фокулта» ва «юниверситӣ»-ро бигиранд ва Содиқи Ҳидоят вожаи «бошгоҳ»-ро ришханд мекунад.

Бозандешии забони форсӣ (1)

Забони форсӣ дар ин шаст соли ахир ҳамроҳ бо уфтухезҳои бузурги иҷтимоъӣ ва сиёсию фарҳангӣ дигаргуниҳои жарфро гузарондааст, чунонки форсии мудерн ҳанӯз забонест дар ҳоли «шудан» ва шакл гирифтан ва метавон гуфт, ки то замоне ки ба навъе қарори фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ нарасидаем, ба қарори забонӣ ҳам нахоҳем расид ва забни мо ҳамроҳ бо ҳамаи зиндагии иҷтимоъӣ ва торихамон зеруболоҳо хоҳад дошт.

Устод Фравашӣ: Хатти форсӣ шоҳкор аст

Хатти форсӣ мазоёи бисёре дорад. Яке аз мазоё ин аст, ки калимаҳо кӯтоҳтар нивишта мешавад. Ба тавре, ки агар як сафҳа матлаби форсиро бихоҳем ба хатти лотинӣ бинвисем, тақрибан як сафҳаву ним ҷой мегирад. Дар натиҷа, хатти мо таврест, ки дар муқоиса бо китобҳое, ки бо ҳуруфи лотин дар дунё чоп мешаванд, як севум то як чаҳоруми сафҳа сарфаҷӯӣ дар масрафи коғаз дар бар дорад.

1 3 4 5 6 7 9