
Нигоҳе ба кори тозаи Раҳоми Аша бар «Суруди мурворид»: Чи гуна парда аз рози зеботарин суруди ҷаҳон бардошта шуд?
Бузургмеҳри Луқмон: Суруде дар «Корномаи Тумо» [1] ҳаст, ки «Суруди мурворид»-аш хондаанд ва гуфтаанд ҳангоме, ки Тумо, яке аз 12 ёри баргузидаи Исо, ба Ҳиндустон дар зиндон буд, барои он ки зиндониёнро ором кунад, ин сурудро барояшон мехонд.
Пижӯҳишгарон дарёфтаанд, забони ин суруд, ки ба суриг (сурёнӣ) аст бо дигар бахшҳои корномаи Тумо ҳамхон нест ва онҳо чанд садае аз ин навтаранд. Низ, ин суруд дар бештари “Корномаҳои Тумо” дида нашудааст.