Сафар Абдуллоҳ: Пешзаминаи пешрафти Тоҷикистон бозгардондани дабираи порсист

Порсӣ Анҷуман: Дар ин гуфтугӯ, устод яке аз бадбахтиҳои Тоҷикистонро аз миён рафтани дабираи порсӣ медонад ва мегӯяд, ки Шӯравӣ ҳам Самарқанд ва Бухороро аз эрониёни Фарорӯд гирифт ва ҳам дабираи порсиро. Вай ба …думбола ба чироии бозгардондани дабираи порсӣ ба Тоҷикистон мепардозад ва

Форсидӯстӣ ва бостонгароии Қоҷориён

Амир Ҳошимии Муқаддам: Фарзи ин ёддошт ин аст, ки ҳатто агар Қоҷор ҳам рӯйи кор монда буд ё ҳукумати дигар ба ҷуз Паҳлавӣ рӯйи кор меомад, боз ҳам ҳамин равиши тақвияти забони форсӣ дар пеш гирифта мешуд. Барои исботи ин фарзия, як роҳаш нигоҳ ба забони форсӣ ва бостонгароӣ дар давраи Қоҷор ва ба вежа солиёни поёнии ин давра аст.

Кистии табархӯрдаи забони порсӣ (2) 

Порсӣ Анҷуман: Ҷустори пеши рӯ, ба ангезаҳои ҷудосозии дурӯғин ва ба се ном хондани забони порсӣ дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон пардохтааст. Ин навишта ба забони инглисӣ дар «Тоҷикистонвеб» бозтоб ёфта ва «Шаҳрбароз» онро ба порсӣ гардондааст.

Кистии табархӯрдаи забони порсӣ (1)

Порсӣ Анҷуман: Ҷустори пеши рӯ, ба ангезаҳои ҷудосозии дурӯғин ва ба се ном хондани забони порсӣ дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон пардохтааст. Ин нивишта ба забони англисӣ дар «Тоҷикистонвеб» бозтоб ёфта ва «Шаҳрбароз» онро ба порсӣ гардондааст.

Деҳқони фасеҳи порсизод (бахши поёнӣ)

Мустафо Насирӣ: Касоне (мисли Фирдавсӣ ва Ганҷавӣ), ки аз тариқи шоъирӣ унвони «ҳаким»-ро аз ҷомеъаи худ мегиранд, шеърашон бисёр фаротар аз тавсифи гулу булбул ва дар ҳақиқат шомили низоме аз дониш ва инъикосдиҳандаи мантиқи гуфтори як кулли тамаддунӣ ва фарҳангист. Аз сӯи дигар, фарҳанг, ахлоқ, панд ва андарзҳои ҳикамии Низомӣ чизе нест, ки аз як дунёи туркӣ илҳом гирифта шуда ва ба зеҳни ӯ хутур ва сипас шоъир, он мазомин ва мафоҳими асолатан туркиро аз иктиноҳи зеҳнӣ ва равонӣ дарёфт ва дар рӯшанои зеҳни худ ба забони дигаре (мисли форсӣ) тарҷума ва адо карда бошад.

Деҳқони фасеҳи порсизод (бахши нахуст)

Мустафо Насирӣ: Ҳаким Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закӣ ибн-ул-Муъайяд, маъруф ба Низомии Ганҷавӣ, яке аз панҷ шоъири бузурги эронӣ дар қарни 6-7-и ҳиҷрист, ки баъд аз Фирдавсӣ, чи басо дар санҷа бо се шоъири дигар (Мавлавӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ), аз худогоҳии жарфтаре нисбат ба мафҳуми Эрон бархурдор буда ва дар партави он, яке аз пуровозатарин таъобир аз Эронро бар сари забонҳо андохтааст. Иғроқ нахоҳад буд агар бигӯем мисраъи «Ҳама олам тан асту Эрон дил» имрӯза ҳамон маъруфият ва маҳбубиятеро дорад, ки мисраъи «Чу Эрон набошад тани ман мабод» дорад.

Ҳафт фарнуди меҳодин (далели аслӣ)-и носозгорон бо полойиши забони порсӣ

Ориё Сарвар

Пурсишҳои носозгорон:

1- Забон, забон аст дигар чи ин, чи он, омоҷ (ҳадаф) танҳо пайванди миёни мардум аст.

2- Забони пок ва сара ҳеч ҷойи ҷаҳон надорем ва доштани вомвожа чизе баҳанҷор аст.

3- Ниме аз забони инглисӣ вомвожа ҳаст; вале забони инглисӣ бисёр комёб аст.

4- Забони форсӣ ба ангезаи вожаҳои арабӣ, забоне фохир аст ва бе онҳо лухту бараҳна ва “алкан”(гунг)!

5- Забони порсии сара хандадор ва ришхандист (масхара аст).

6- Забон чун пӯёст, пас бигзорем, ки вожаҳо бо раванди “табиъӣ” биёянд ва бираванд.

7- Забон дар пешрафт ё вопасмондагии гӯяндагони он забон, ҳануд (таъсир) надорад.
Ва аммо посухҳо:

Вожагузинӣ ва чироии парҳез аз вожаҳои ошно

Куруши Ҷаннатӣ: Гоҳ пеш меояд, ки дар бархурд бо наввожае ноошно, дӯстон ва ҳамвандони «Порсӣ Анҷуман», ҳамарз ва баробарниҳодаи ошнотареро пешниҳод мекунанд ва мепурсанд чиро бо доштани ҳамарзи содатар, шумо наввожае дерёбро пешниҳод мекунед; барои намуна пурсида мешавад ё гилоя мешавад, ки бо доштани вожаи «мардум» чӣ ниёзе ба вожаи «миллат» ё баробарниҳодаи порсии он «нафон» дорем? Ё чиро ба осонӣ ба ҷойи вожаи «ғизо» аз «хӯрок» баҳра намебарем?

Чироии полоиши порсӣ аз вомвожаҳои арабӣ

Куруши Ҷаннатӣ: Далелҳои бисёре дар пуштибонӣ ва падофанд аз полоиши забони порсӣ аз вожаҳои арабӣ вуҷуд дорад. Дар ин нивиштор мекӯшем ба се далел ва ангезаи барҷаста дар ин замина ишора кунем ва ҳар якро ба кӯтоҳӣ бознамоем.

1 2 3 16