Боло гирифтани ҳаёҳӯҳо бар сари вожаи “хиёбон” дар Афғонистон

Чанд рӯзест, ки ҳаёҳӯҳо бар сари вожаи “хиёбон” дар шаҳри Ҳироти Афғонистон боло гирифтааст.

Ба гузориши “Мардумсолорӣ Онлойн” ин ҳаёҳӯҳо аз онҷо оғоз шуд, ки шаҳрдори Ҳирот, Муҳаммаддовуди Анварӣ, хостори ҷойгузинии вожаи порсии “хиёбон” бо вожаи ҳиндии “сарак” шуд ва дар баргаи фейсбукаш нивишт: “Усулу қоъидаи миллатсозӣ ҳукм мекунад, ки Афғонистон ба ҷои калимаи хиёбон калимаи “сарак”-ро ба кор бибарад. Ҳарчанд калимаи хиёбон мақбул аст, вале барои тафкики ҳувияти миллӣ дар Афғонистон бояд аз калимоти роиҷ дар Эрон худдорӣ кунем.”

Ин суханони шаҳрдори Ҳирот миёни корбарони ҳиротии шабакаҳои иҷтимоъӣ бо вокунишҳое бисёр рӯбарӯ шуд. Наҷиби Борвар, чомасарои номии панҷшерӣ, ин шеърро “дар посухи шаҳрдори бефарҳанги Ҳирот” суруд:

Зодгоҳи Рустаму шоҳони Сосонӣ якест,
Шавкати Шаҳномаю фарҳанги эронӣ якест.
Арзиши хоки Бухорою Самарқанди ъазиз,
Назди мо бо гавҳару лаъли Бадахшонӣ якест.
Мо агар чун шохаҳо дурем аз ҳам ъайб нест,
Решаи кӯлобию Балхию Теҳронӣ якест.
Аз Дирафши Ковиён овози дигар мерасад,
Бозувони Коваю шамшери Сомонӣ якест.
Чист фарқи шеъри Ҳофиз бо суруди Мавлавӣ?
Мактаби ҳиндӣ, ъироқию хуросонӣ якест.
Фарқи шеъри Бедилу Иқболу Ғолиб дар куҷост?
Рӯдакию ҳазрати Ҷомию Хоқонӣ якест.
Марзҳо дигар асоси дурии мо нестанд,
Эй бародар! Асли моро нек медонӣ, якест!
“Тоҷикӣ” ё “форсӣ” ё хеш пиндорӣ “дарӣ”,
Ин забони порсиро ҳарчи мехонӣ, якест!

Ин суруда ҳамчун барги зар дар шабакаҳои иҷтимоъии корбарони афғонистонӣ даст ба даст шуд ва сурудаҳо ва суханоне аз ин даст гурӯҳе аз ҷавонони ҳиротиро чунон барангехт, ки дар хезише худҷӯш ҳамаи тоблуҳоеро, ки дар он вожаи “сарак” ҷойгузини вожаи “хиёбон” шуда буд, аз роҳҳо ва гузарҳо пойин кашиданд.

Вожаи “хиёбон” аз куҷо омадааст?

“Хиёбон” вожае порсӣ аст, ки аз ду бахши “хиёв” (ҷои пуроб ва сарсабз) ва “бон” (пасванди дорандагӣ ва нигаҳдорандагӣ, ҳамчун осиёбон) сохта шудааст. Соиби Табрезӣ дар садаи ёздаҳуми хуршедӣ гуфтааст:

Чашм мепӯшӣ зи гулгашти хиёбони биҳишт,
Дар камини ҷилваи сарви дилорои киӣ?

Хиёбон, бар пояи фарҳангҳои забони порсӣ, ба роҳгузари ҳамагонӣ дар шаҳрҳо, ки дорои як бахши паҳн дар миён барои рафтуомади худравҳо ва ду бахши бориктар барои рафтуомади пиёдаҳо аст, нуфта мешавад. Дар гузашта низ, ба роҳи ҳамвор дар боғҳо ва киштзорҳо барои рафтуомад гуфта мешуд. Ин вожа аз порсӣ ба забонҳои дигар рафтааст. Барои намуна дар забони гурҷӣ “хиёбон” ба рехти “хейвонӣ” (xeivani) дар омадааст.

Ду тан аз устодони номдори забони порсӣ, Ҷалоли Матинӣ (Эроннома, соли нахуст, шумораи нахуст, пойизи 1361, баргҳои 57 то 99) ва Муҳаммади Дабирсиёқӣ (Хуросонпажӯҳӣ, соли севум, шумораи нахуст, баҳору тобистони 1379, баргҳои 199 то 208) дар бораи вожаи хиёбон ду пажӯҳиши донишии судманд чопахш кардаанд, ки барои огоҳии бештар аз саргузашти ин вожа метавон ба онҳо дарнигарист.

Бар пояи пажӯҳишҳои ин ду устод, куҳантарин нибеге (китобе), ки дар он воэаи “хиёбон” омада, нибеги гетишиносии Ҳофизи Абру дар садаи нуҳум аст, ки “хиёбон”-ро яке аз “булукоти Ҳирот” донистааст. Чунин, “хиёбон” дар оғоз номе будааст барои бахше аз Ҳирот дар канори дараи Дубародарон ва дарвозае ба ҳамин ном ва низ номи яке аз булуки нуҳгонаи Ҳирот.

Вожаи “хиёбон” пеш аз он ки кишваре ба номи Афғонистон дар паҳнаи гетӣ по гирад, бар забони порсизабонони ҳиротӣ равон буда ва шигифт инҷост, ки хостгоҳи вожаи “хиёбон”, ки шаҳри Ҳирот аст, ва ин вожа аз гӯиши ҳиротии порсӣ ба дигар гӯишҳои забони порсӣ андар шуда, акнун дар зодгоҳи худ бегона дониста шуда ва шаҳрдори ин шаҳр ҳамаи кӯшиши худро дар ин гузоштааст, то вожаи “хиёбон”-ро аз гузаргоҳҳои Ҳирот бизудояд.

Забони порсӣ, ки яке аз ангуштшумор забонҳои куҳани зиндаи ҷаҳон аст ва рӯзе аз Банголаи Осиё то Буснӣ дар дили Урупо суханвароне фаровон дошт, бо тозишҳое саҳмгин рӯз ба рӯз аз густараи марзҳояш коста шудааст. Истеъмори Бритониё теша бар решаи забони порсӣ, ки то пеш аз инглисиҳо забони девонӣ ва расмии шибҳиқорраи Ҳинд буд, заду порсиро дар Ҳиндустону Покистон барандохт.

Истеъмори Рус низ Фарорӯдонро яксара дар чанбараи худ гирифт ва ду шаҳри бузурги порсизабони Самарқанду Бухороро ба узбакон бахшид ва номи порсиро аз дигар шаҳрҳои кӯчаки порсизабон дар Осиёи Миёна, ки онҳоро бо номи Тоҷикистон як кишвар кард, зудуд ва ба онон пазиронд, ки забонашон на порсӣ, ки тоҷикӣ аст.

Қавмгароии паштунҳо дар Афғонистон низ даҳаҳо аст, ки ба душмании кукурона бо забони порсӣ, ки ҳамвора дар он сарзамин забони девону дониш ва фарҳанг буда, рӯй овардааст ва майдонро чунон бар порсизабонони он кишвар танг карда, ки касе дар он сарзамин наметавонад вожаи порсии “донишгоҳ”-ро ба ҷои вожаи “пуҳантун”-и пашту бар забон ронад, то онҷо ки Донишгоҳи Балх танҳо донишгоҳи ҷаҳон аст, ки сардар надорад, чиро ки сардари онро, ки вожаи “донишгоҳ” бар он нивишта шуда буд, пойин кашидаанд ва порсизабононро зери фишор ниҳодаанд, то аз вожаҳои порсӣ, бад-ин баҳона, ки инҳо эрониянд, баҳра нагиранд.

Дар Эрон низ, ки ба гуфтаи дуктур Ҷаводи Таботабоӣ, “ҳама чиз мутаваллӣ дорад, ҷуз Эрон”, метавон порсиро низ дар канори номи Эрон афзуд ва гуфт: “Ҳама чиз мутаваллӣ дорад, ҷуз Эрон ва забони порсӣ”.

Огоҳӣ: Барои пайванд бо мо метавонед ба роёнишонии azdaa@parsianjoman.ir нома бифристед. Ҳамчунин, барои огоҳӣ аз барӯзрасониҳои торнамо метавонед ҳамванди Рӯйдоднома-и Порсӣ Анҷуман шавед ва низ метавонед ба торбарги мо дар Фейсбук ё Телегром бипайвандед.

 این مطلب را به خط فارسی در “اینجا” بخوانید

ҷусторҳои вобаста

0

Бифирист

.


*