Боргирии Фарҳанги Фидоӣ (бархе вожагони сараи порсӣ)

Дар ин фарҳанг шуморе вожаҳои сода ва омехтаи сара ҳастанд, ки метавонанд ба кори порсинивисони имрӯз оянд. Барои намуна, вожаҳое ҳамчун “потоба” ба ҳамтоии “кафш” “потоба гушудан” ба ҳамтоии “истироҳат кардан”, “поандоз” ба ҳамтоии “фарш”, ки дар ин фарҳанг омадаанд.

Гузор ба дабираи порсӣ: Чиро мисли қазоқҳо ғайратманд набошем?

Вақте мебинам, ки бисёре аз ҳамтаборони мо, ки худашон тоҷиканд, вале бо осори гузаштагонамон аз тариқи забонҳои дигар ва бахусус русӣ ошно мешаванд, бовар кунед, нангам меояд. Дигаронро намедонам, вале барои ман нанг ва ъор аст, ки бобои маро бароям дигарон ба забонҳои дигар муъаррифӣ кунанд!

Чанд нукта дар бораи вожасозӣ (3)

Дар бораи ин ки забони форсӣ чигуна ва аз кудом мояҳо бояд вожаҳои баробар бо вожаҳои забонҳои пешрави урупоӣ бисозад (албатта, дар мавориде, ки ҳамакнун чунин вожае ва маъное дар форсӣ вуҷуд надошта бошад) баҳсу гуфтугӯ бисёр шуда ва агарчи ҳанӯз усули роҳнамои мо дар ин кор бахубӣ рӯшан нест, то ба марҳилаи имрӯзин роҳи дарозе паймудаем.

Имконоти вожасозӣ дар забони порсӣ (2)

Форсӣ аз назари имконоти вожасозӣ забонест пурмоя ва сохтмони таркибии вожа дар он мояи бисёр барои густариши доманаи вожагони ин забон фароҳам мекунад. Ва имрӯз, ки мо ба ҳазорон вожаи тоза дар заминаи ъилму фан ва фалсафа ва ҳунар ниёз дорем, баҳрагирӣ аз ин имконоти дарунии забон метавонад бисёр мушкилгушо бошад.

Гоҳҳои хӯроки рӯзона

Ношто ба чам (маъно)-и «аз бомдод боз чизе нахӯрдан» аст (Бурҳони қотеъ). Ин вожа аз ду бахш сохта шудааст: на (манфисоз) + ошто (хӯрдан), пас ба чами «нахӯрдан, нахӯрда» аст. «Ошто» аз решаи as ва ad ба чами «хӯрдан» аст, ки дар ҳиндии бостон atiacn (отиёчн) ва ac (оч) ва дар лотин Edo дар таркиби инглисии edible – хӯрданӣ ва дар олмонӣ Essen ва дар инглисӣ eat аст. Вожаи “ош” дар порсӣ ҳам аз ҳамин реша аст ба чами “хӯрок ё хӯриш”. “Ношто” ба касе гуфта мешавад, ки аз бобдод чизе нахӯрда бошад.

Бозандешии забони форсӣ 2

Забон мантиқ ва меконике дорад, аммо сохти он меконикӣ нест, ургоник аст ва ҳамонанд кардани он ба мавҷуди зинда дурусттар аст, то ба мошин ва касоне, ки мехоҳанд бо мантиқи истиснонопазири худ ба забон ҳамла баранд ва онро аз нав бисозанд, аз рози зиндагӣ бехабаранд.

Забони хоразмӣ

Забони хоразмӣ монанди забони суғдӣ ва паҳлавӣ (порсии миёна) аз шохаҳои забонҳои эронии миёна аст ва аз нигари гетишиносӣ низ дар густарае миёни сухангӯёни забони порсии миёна ва суғдӣ ҷой гирифтааст.

Сиришти забони форсӣ (1)

Бар рӯйи ҳам метавонем гуфт, ки парвариши аслии забони форсӣ дар домони шеър ва забони шоъирона буда ва имконоти дарунии ин забон дар мояи шоъирона парвариш ёфта ва падидор шудааст ва дар тӯли ҳазор сол расонаи аслии андешаи эронӣ шеър буда ва нубуғи қавм дар ин замина беш аз ҳама ҷӯшону зоё будааст. Феҳристи бепоёни номи шоъирони форсизабон ва он чанд нубуғи бузурги шоъирона, ки ҳамеша баҳақ ба номашон менозем, гувоҳи ин гуфта аст.

Посухе ба номаи гурӯҳе аз дабирони зистшиносӣ

Ҳар вожаи ошное рӯзгоре ноошно будааст. Барои намуна, барои Сайидҳасани Тақизода вожаи «вожа» бисёр шигифтовар ва нодуруст менамуда ва ё адиби бузурге чун Муҳаммадъалии Фурӯғӣ ба ҷойгузинии вожаҳои «пешванд» ва «пасванд» ба ҷойи «мазиди муқаддам» ва «мазиди муаххар» интиқод мекунад. Ъаллома Ъаббоси Иқбол мегӯяд имкон надорад, ки «донишкада» ва «донишгоҳ» ҷойи «фокулта» ва «юниверситӣ»-ро бигиранд ва Содиқи Ҳидоят вожаи «бошгоҳ»-ро ришханд мекунад.

1 20 21 22 23 24 43