
Гуфтугӯ бо Ҳуҷҷатии Фаҳим, созандаи нармафзори баргардони дабираи сириллик ба порсӣ
Ҳамон гуна ки медонед, забони гуфтори мардуми Тоҷикистон, забони форсӣ аст ва мардуми ин кишвар форсиро бо чунон лаҳҷаи ширине суҳбат мекунанд, ки бар дилу ҷо менишинад. Аммо мутаассифона, мо иртиботи чандоне бо мардуми Тоҷикистон надорем. Яке аз муҳимтарин далоили ин кор тафовути хатти мардуми кишвари Тоҷикистон бо дигар форсизабонон аст. Тоҷикҳо навиштаи форсиро ҳамчунон бо хатти русӣ менависанд ва иллати онро ҳам бояд дар замоне ҷуст, ки ин кишвар таҳти сайтараи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қарор дошт.