
Дар бораи решаи вожаи “ишқ”
Вожаи “ъишқ”, ки дар форсӣ “ишқ” талаффуз мешавад, дар адабиёти форсӣ ва ирфони эронӣ ҷойгоҳе барҷаста дорад. Шояд битавон гуфт шоъирони гуногуни форсизабон камтар вожаеро ба андозаи ишқ ба кор бурда бошанд. Бо ин ҳол, чунин менамояд, ки то кунун чандон пажӯҳише, ки бар пояи дастовардҳои навини забоншиносии торихӣ устувор бошад, дар бораи он нашудааст. Дар ин навиштаи кӯтоҳ нигоранда ин андешаро пеш мениҳад, ки вожаи “ишқ” решаи ҳинду-урупоӣ дорад. Ин пешниҳод бар пояи пажӯҳишҳои решашинохтӣ устувор аст.